Ва низ ҷодугарон ва азоимхонон ва бутҳо ва ҳамаи чизҳои зиштро, ки дар замини Яҳудо ва дар Ерусалим пайдо шуда буданд, Йӯшиёҳу сузонид, то ки суханони Тавротро, ки дар китоб навишта шуда буд, ва онро Ҳилқиёи коҳин дар хонаи Худованд ёфта буд, ба амал оварад.
Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камарбанд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;
Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст; ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст; подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд; шариате нест; анбиёи он низ рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд.
Ва он чи дилхоҳи шумост, яъне он чи шумо мегӯед: «Мисли халқҳо ва мисли қабилаҳои кишварҳо гардида, ба чӯбу санг ибодат хоҳем кард», он ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд.
Ва пероханро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо камарбанд баст, ва ридоро бар ӯ пӯшонид, ва эфӯдро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо тасмаи эфӯд баста, эфӯдро ба воситаи он бар ӯ мустаҳкам намуд.
Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.