Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 2:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Бинобар ин Ман ғаллаи Худро дар вақташ ва шароби худро дар мавсимаш гашта хоҳам гирифт, ва пашм ва катони Худро, ки урьёнии вай бо он пӯшонида шудааст, кашида хоҳам гирифт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 2:9
15 Iomraidhean Croise  

Ва инак Ман дасти Худро бар ту ёзонида, насибаатро кам кардам, ва туро ба иштиёқи бадхоҳонат — духтарони фалиштӣ, ки аз рафтори фоҳишонаи ту шарм доштанд, супурдам.


Ва туро ба дасти ошиқонат хоҳам супурд, ва онҳо теппаҳоятро вайрон ва баландиҳоятро хароб хоҳанд кард, ва либосҳоятро аз ту хоҳанд кашид, ва асбоби зебу зинататро хоҳанд гирифт, ва туро бараҳна ва урьён хоҳанд гузошт.


Ва либосҳои туро хоҳанд кашид, ва колои зебу зинати туро хоҳанд гирифт.


Зеро ки подшоҳи Шимол баргашта, лашкари аз аввала бузургтаре барпо хоҳад намуд, ва баъд аз муддати чандинсола бо қӯшуни бузург ва асбобу анҷоми зиёде дохил хоҳад шуд.


Мабодо либосашро кашида, луб‐луч намоям, ва мисли он ки дар рӯзи таваллудаш буд, гардонам, ва монанди биёбоне варо валангор созам, ва ба замини хушкидае варо табдил диҳам, ва аз ташнагӣ варо бикушам.


Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.


Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод, ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард.


Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.


Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд; ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд, ва токҳо хоҳанд шинонид, вале шароби онҳоро нахоҳачд нӯшид».


Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».


Ва шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan