Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 2:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Валекин вай намедонист, ки Ман будам, ки ғалла ва шароб ва равғанро ба вай медодам, ва нуқра ва тиллоро барои вай афзун мекардам, ки Баалро аз он месохтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 2:8
27 Iomraidhean Croise  

Эй Худованд Худои мо! Тамоми ин сарват, ки барои сохтани хонае ба исми қудси Ту муҳайё кардаем, аз дасти Туст, ва ҳамаи он аз они Туст.


Роҳи маро тавора кашидааст, ва ман наметавонам гузарам; ва бар тариқҳои ман торикӣ афкандааст.


Барзагов молики худро, ва хар охури соҳиби худро мешиносад, аммо Исроил намешиносад: қавми Ман фаҳм намекунанд».


Тиллоро аз ҳамьён мерезанд, ва нуқраро бо тарозу бармекашанд; заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад; пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.


Писарон ҳезум ҷамъ меоваранд, ва падарон оташ дармедиҳанд, ва занон хамир мекунанд, то ки санбӯсаҳо барои маликаи осмон бипазанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни дигар рехта, Маро хашмгин созанд.


Ва бар ҷогаҳи боҳамашате менишастӣ, ки суфрае назди он ороста буд, ва бухур ва равғани Маро бар он мегузоштӣ.


Подшоҳ Набукаднесар ҳайкале аз тилло сохт, ки қадаш шаст зироъ ва бараш шаш зироъ буд; онро дар водии Дуро дар вилояти Бобил барқарор намуд.


Ва худро бар Худованди осмон баланд гирифтӣ, ва зарфҳои хонаи Ӯро ба ҳузури ту оварданд, ва ту ва акобири ту, манкӯҳаҳоят ва сурриягонат аз онҳо шароб нӯшидед, ва худоёнеро, ки аз нуқра ва тилло, мис ва оҳан, чӯб ва санг ҳастанд, ва намебинанд, намешунаванд ва намедонанд, ҳамд гуфтӣ, вале Худоеро, ки ҷонат дар дасти Ӯст, ва ҳамаи роҳҳоят пеши назари Ӯст, ҷалол надодӣ.


Исроил токи сершохаест, ки меваи ба худаш муносибе меоварад; ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст; баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.


Вақте ки Эфроим сухан меронд, ҳама меларзиданд; ӯ дар Исроил сарбаланд буд; валекин аз боиси Баал гуноҳкор шуд, ва ба ҳалокат расид.


Ва алҳол онҳо гуноҳҳои худро афзун мекунанд, ва аз нуқраи худ барои худ бутҳо ва санамҳоро мувофиқи фаҳмиши худ сохтаанд, ки ҳамааш амали санъаткорон аст; дар бораи онҳо мегӯянд: «Одамоне ки қурбонӣ мекунанд, гӯсолаҳоро мебӯсанд».


Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.


Зино ва шароб ва машрубот дилҳоро рабудааст.


Онҳо подшоҳонро таъин карданд, вале на аз ҷониби Ман; сарваронро таъин карданд, вале бе розигии Ман; аз нуқра ва тиллои худ бутҳо барои худ сохтанд, то ки ба ҳалокат дучор шаванд.


Бинобар ин барои тӯри худ қурбонӣ мекунад, ва барои доми худ бухур месӯзонад, зеро ки насибаи вай аз онҳо равғанин, ва хӯроки вай болаззат гардидааст.


Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд.


Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,


Ва ҳол он ки ту бояд Худованд Худои худро дар хотир нигоҳ дорӣ, ки Ӯ ба ту қуввати пайдо кардани сарватро медиҳад, то аҳдеро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.


Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan