Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 2:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва бар фарзандони вай марҳамат нахоҳам кард, зеро ки онҳо фарзандони зино мебошанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 2:4
17 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Йӯром Еҳуро дид, гуфт: «Эй Еҳу, оё саломатист?» Ва ӯ гуфт: «Чӣ гуна саломатӣ хоҳад буд, дар сурате ки зинокориҳои модарат Изобал ва ҷодугариҳои вай ин қадар бисьёр аст?»


Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Вале шумо, эй писарони ҷодугар, эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша, ба ин ҷо наздик оед!


Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».


Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: ба хонаи мотам надаро, ва барои навҳа кардан нарав, ва ба онҳо таъзия баён накун; зеро ки Ман, — мегӯяд Худованд, — осоиштагии Худро, яъне эҳсон ва марҳаматро аз ин қавм дур кардаам.


Ва Ман рашки Худро ба зидди ту хоҳам нигаронид, ва ба ту бо ғазаб амал хоҳанд кард: бинӣ ва гӯшҳоятро хоҳанд бурид, ва бақияи ту аз шамшер хоҳад афтод; онҳо писарон ва духтарони туро хоҳанд гирифт, ва бақияи ту ба оташ хоҳад сӯхт.


Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».


Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».


Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».


Ва боз вай ҳомила шуда, духтаре зоид, ва Худованд гуфт: «Номи варо Лӯ‐Руҳома бихон, зеро ки Ман бар хонадони Исроил дигар марҳамат нахоҳам кард ва онҳоро нахоҳам омурзид;


Онҳо дар ҳаққи Худованд хиёнат кардаанд, чунки фарзандони бегона ба дуньё овардаанд; алҳол онҳоро бо молу мулкашон дар зарфи як моҳ фурӯ хоҳад бурд.


Ва фариштаи Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: „Эй Худованди лашкарҳо! То ба кай бар Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ки ҳафтод сол боз Ту ба онҳо хашм менамоӣ, марҳамат нахоҳӣ кард?“


Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад».


Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.


Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan