2 Бо модари худ муҷодила кунед, муҷодила, зеро ки вай зани Ман нест, ва Ман шавҳари вай нестам, ва бигзор вай зинои худро аз чеҳрааш ва фаҳши худро аз миёни пистонҳояш нест кунад,
Ва Ӯ ливое барои халқҳо барафрошта, рондашудагони Исроилро ҷамъ хоҳад кард, ва парокандагони Яҳудоро аз чор канори дуньё фароҳам хоҳад овард.
Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.
«Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун! Овози худро мисли шох баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.
Ва бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак Ман бар ин макон чунон мусибате меоварам, ки ҳар кӣ онро бишнавад, гӯшҳояш садо хоҳад дод,
«Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро, вақте ки аз қафои Ман дар биёбон, дар замини нокишта мерафтӣ, барои ту дар хотир дорам.
Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад, ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад, оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад? Оё он замин тамоман палид намешавад? Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ, ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. —
Фақат ба гуноҳи худ иқрор шав, ки ту ба Худованд Худои худ осӣ шудаӣ, ва бо бегонагон зери ҳар дарахти сабз басо ишқбозӣ кардаӣ, ва ба овози Ман шумо гӯш надодаед, — мегӯяд Худованд.
Дар он айём хонадони Яҳудо бо хонадони Исроил роҳ хоҳанд рафт, ва якҷоя аз замини шимол ба замине ки ба падарони шумо мерос додаам, хоҳанд омад».
Ва писарону духтаронатро, ки барои Ман зоида будӣ, гирифта, ба сифати хӯроки бутҳо забҳ кардӣ. Оё зинокории ту кам буд,
Дар сари ҳар роҳ баландиҳои худро сохта, ҳусни худро нангин кардӣ, ва барои ҳар роҳгузаре пойҳои худро кушода, зиноҳоятро афзун намудӣ.
Оё бар онҳо доварӣ хоҳӣ кард, доварӣ хоҳӣ кард, эй писари одам? Пас аъмоли зишти падарони онҳоро ба онҳо баён намо.
Ва Ман гуфтам: оё ин зани фарсуда боз бо зинокорӣ машғул хоҳад шуд? Оё хушдоронаш алҳол бо ӯ зино хоҳанд кард? Вале ӯ зинокории худро давом медод.
Ва мардони одил бар онҳо доварӣ хоҳанд кард, чунон ки бар занони зинокор ва хунрез доварӣ мекунанд, зеро ки онҳо зинокоранд, ва дастҳошон хунолуд аст.
Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».
Ба бародарони худ бигӯед: „Аммӣ“, ва ба хоҳарони худ: „Руҳома“.
Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.
Ва ту рӯзона пешпо хоҳӣ хӯрд, ва набӣ низ бо ту шабона пешпо хоҳад хӯрд, ва Ман модари туро нобуд хоҳам кард.
Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».
Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем.