16 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“, ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“.
Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.
Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи вай пур шудааст, гуноҳаш подош ёфтааст, зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст.
Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
Баргардед, эй писарони муртад, — мегӯяд Худованд, — зеро ки Ман ҳукмфармои шумо ҳастам, ва шуморо як нафар аз шаҳре ва ду нафар аз қабилае хоҳам гирифт, ва шуморо ба Сион хоҳам овард,
Ва шуморо ба биёбони қавмҳо хоҳам овард, ва дар он ҷо бар шумо рӯ ба рӯ доварӣ хоҳам кард;
Ва ҳарчанд вай аз паи хушдорони худ афтад, ба онҳо нахоҳад расид, ва ҳарчанд онҳоро ҷустуҷӯ намояд, нахоҳад ёфт, ва хоҳад гуфт: „Рафта, назди шавҳари якуми худ бармегардам, зеро ки дар он вақт, назар ба ҳозира, барои ман беҳтар буд“.
Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;
Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.
Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст».
Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.
Вай гуфт: «Бигзор дар назари ту ман илтифот ёбам, оғои ман! Ту маро тасаллӣ додӣ, ва бо суханонат дили канизи худро бардоштӣ, агарчи ман сазовори он нестам, ки мисли яке аз канизони ту бошам».