Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 2:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва токҳо ва дарахтони анҷири варо, ки гуфта буд: „Инҳо музди ман аст, ки хушдоронам ба ман додаанд“, валангор хоҳам кард, ва онҳоро ба ҷангал табдил хоҳам дод, ва ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд хӯрд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 2:12
14 Iomraidhean Croise  

Валекин қавми Ман ба овози Ман гӯш надод, ва Исроил ба ман сар нафуровард.


Охир, баъд аз андак вақт Лубнон ба боғистон мубаддал хоҳад шуд, ва боғистон ҷангал ҳисоб хоҳад ёфт.


Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям, ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард: Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд; деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷое ки дар он ҳазор ток ба баҳои ҳазор сиқли нуқра мавҷуд буд, ҷои явшон ва хори шутур хоҳад гардид.


Ва Ман низ доманатро бар рӯи ту бардоштам, ва аврати ту намудор шуд.


«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.


Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд, писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд, бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд, ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд; шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, бо шамшер валангор хоҳанд кард».


Онҳоро комилан талаф хоҳам кард, — мегӯяд Худованд. — На ангуре бар ток боқӣ хоҳад монд, на анҷире бар дарахти анҷир; ва баргҳо пажмурда хоҳад шуд, ва он чи ба онҳо додаам, ба дасти дигарон хоҳад гузашт».


Мисли хирсе ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад, ба онҳо ҳамла хоҳам кард, ва сандуқи синаи онҳоро хоҳам дарид, ва мисли шер онҳоро дар он ҷо хоҳам хӯрд; ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд дарид.


Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.


Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд; Ман, Ман медарам ва меравам, бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.


Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.


Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan