Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва алҳол аврати варо пеши чашми хушдоронаш ошкор хоҳам сохт, ва касе варо аз дасти Ман раҳо нахоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 2:10
19 Iomraidhean Croise  

Зеро ки писарони Атальёи наҷиса ба хонаи Худо зада даромада, ҳамаи вақфҳои хонаи Худовандро барои Баалҳо истифода карда буданд.


Яқин аст, ки бадкеш беҷазо намемонад, вале насли одилон раҳо мешавад.


Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони Сионро кал хоҳад кард, ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».


Ва агар дар дили худ бигӯӣ: „Чаро ин чизҳо ба ман рӯй додааст?“ — ба сабаби гуноҳҳои зиёди ту доманат кушода шудааст, пошнаҳоят бо зӯрӣ бараҳна гардидааст.


Ва Ман низ доманатро бар рӯи ту бардоштам, ва аврати ту намудор шуд.


Ва аз либосҳои худ гирифта, барои худ баландиҳои рангин сохтӣ, ва бар онҳо зино кардӣ, ки чунин ҳодиса ҳаргиз рӯй надодааст ва набояд рӯй диҳад.


Ва нони Маро, ки ба ту дода будам, орди маҳин ва равған ва асалеро, ки хӯроки ту гардонида будам, ту пеши онҳо ҳамчун хушбӯии дилпазире гузоштӣ, ва чунин шуд, мегӯяд Худованд Худо.


Ва онҳо ба ту бо адоват амал намуда, тамоми молу мулки туро хоҳанд гирифт, ва туро дар ҳолати бараҳна ва урьён тарк хоҳанд кард, ва аврати пурзинои ту ва фисқу фуҷури ту ва зинокории ту кушода хоҳад шуд.


Исроил токи сершохаест, ки меваи ба худаш муносибе меоварад; ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст; баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.


Вақте ки Эфроим сухан меронд, ҳама меларзиданд; ӯ дар Исроил сарбаланд буд; валекин аз боиси Баал гуноҳкор шуд, ва ба ҳалокат расид.


Мабодо либосашро кашида, луб‐луч намоям, ва мисли он ки дар рӯзи таваллудаш буд, гардонам, ва монанди биёбоне варо валангор созам, ва ба замини хушкидае варо табдил диҳам, ва аз ташнагӣ варо бикушам.


Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад, ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд, зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.


Ва бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо, андаруни қавмҳои бисьёр мисли шере дар миёни ҳайвоноти ҷангал, мисли шери ҷавоне андаруни рамаҳои гӯсфандон хоҳад буд, ки он, агар бигзарад, поймол карда медарад, ва касе нест, ки раҳоӣ диҳад.


Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan