Зеро ки Исроил ва Яҳудо аз Худои худ, аз Худованди лашкарҳо матрук нашудаанд, ва ҳол он ки замини онҳо аз маъсият бар зидди Қуддуси Исроил пур шудааст.
То ки бар тибқи фароизи Ман рафтор намоянд ва дастурҳои Маро риоя кунанд ва онҳоро ба ҷо оваранд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.
Ва бар шумо одамон ва ҳайвонотро афзун хоҳам намуд, ва онҳо афзун ва боровар хоҳанд шуд; ва шуморо мисли айёми пештараатон маскун хоҳам кард, ва бар шумо бештар аз замони аввалаи шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.