Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такья менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд, ва аз Худованд дархост намекунанд!
Ва мисриён одамизоданд ва на Худо, ва аспони онҳо ҷисманд ва на рӯҳ; ва чун Худованд дасти Худро дароз кунад, мададгор пешпо хоҳад хӯрд, ва мададталаб фурӯ хоҳад ғалтид, ва ҳамаашон якҷоя нобуд хоҳанд шуд.
Ва акнун, лутфан, бо оғои ман, подшоҳи Ашшур, шарт бибанд, ва ман ду ҳазор асп ба ту хоҳам дод, агар ту барои худ саворонро бар онҳо тавонӣ ба даст оварӣ.
Ва худро дигар бо бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон ва бо ҳар гуна ҷиноятҳошон палид нахоҳанд сохт, ва Ман онҳоро аз ҳамаи иқоматгоҳҳошон, ки дар он ҷо гуноҳ кардаанд, наҷот хоҳам дод, ва онҳоро пок хоҳам кард, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.
Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.