Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 13:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ман туро дар биёбон, дар замини аз офтоб сӯхтае шинохтам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 13:5
16 Iomraidhean Croise  

Рӯзҳо аз гармӣ ва шабҳо аз хунукӣ азоб мекашидам; ва хоб аз чашмам мегурехт.


Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд.


Зеро ки душман ҷонамро таъқиб менамояд, ҳаётамро ба замин яксон кардааст, маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд.


Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, маро аз тангӣ ҳифз мекунӣ, маро бо таронаҳои халосӣ иҳота менамоӣ. Село.


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Ва Худо ба ҳоли банӣ‐Исроил назар андохт, ва Худо ғамхорӣ намуд.


«Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро, вақте ки аз қафои Ман дар биёбон, дар замини нокишта мерафтӣ, барои ту дар хотир дорам.


Ва нагуфтанд: „Куҷост Худованде ки моро аз замини Миср берун овард, ва моро дар биёбон, дар замини вайрона ва пур аз ҳафраҳо, дар замини харобазор ва зулмот бурд, дар замине ки касе аз он гузар накардааст, ва касе дар он сокин набуд?“


Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест; зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ, ва Исроил палид гардидааст.


Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам; падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам; лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд, ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд.


Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.


Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.


Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед ва, илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?


Зеро ки Худованд Худоят туро дар тамоми амали дастат баракат додааст; дар ин биёбони бузург роҳ паймуданатро медонист — ин чил сол аст, ки Худованд Худоят бо туст, ва ту аз ҳеҷ чиз камӣ надоштӣ“.


Варо дар биёбон ёфт, дар замини халои пур аз уллос; варо пуштибонӣ намуд, ба вай назорат кард, варо ҳамчун гавҳараки чашми Худ нигоҳ дошт.


Ва туро аз биёбони бузург ва саҳмгини пур аз мор, аждаҳо ва каждум, аз ҷойҳои хушки беоб гузаронид, ва барои ту аз санги хоро об баровард,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan