3 Бинобар ин онҳо мисли абри субҳ хоҳад буд, ва мисли шабнаме ки зуд нест мешавад, ва мисли коҳе ки бод аз хирман мебарад, ва мисли дуде ки аз дудбаро баромада пароканда мегардад.
Оё онҳо мисли хасе пеши бод гардидаанд? Ва мисли пари коҳе ки гирдбод гирифта мебарад?
Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.
Шарирон чунин нестанд, балки монанди пари коҳанд, ки онро бод пароканда мекунад.
Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.
Қабилаҳо мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд; вале Ӯ ба онҳо итоб намуд, ва онҳо ба ҷойҳои дур гурехтанд, ва мисли коҳрезае аз бод бар кӯҳҳо ронда шуданд, ва мисли ғуборе аз гирдбод.
Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.
Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.
Пеш аз он ки ҳукми ҷазо ба амал ояд, — чунки рӯз мисли пари коҳ зуд гузашта меравад, — пеш аз он ки шиддати хашми Худованд бар шумо фурӯд ояд, пеш аз он ки рӯзи ғазаби Худованд бар шумо фурӯд ояд.
Зеро ки акнун дар сулҳу осоиштагӣ зироат ба амал хоҳад омад, ток меваи худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва осмон шабнами худро хоҳад бахшид, ва Ман ҳамаи инҳоро ба тасарруфи бақияи ин қавм хоҳам даровард.