Ва ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман офаридааст, ва ҳамаи онҳо ба вуҷуд омадааст, — мегӯяд Худованд. — Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард: бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки пеши каломи Ман ба ларза меояд.
Валекин вай намедонист, ки Ман будам, ки ғалла ва шароб ва равғанро ба вай медодам, ва нуқра ва тиллоро барои вай афзун мекардам, ки Баалро аз он месохтанд.
Ва Худованд ба Ехушаъ гуфт: «Имрӯз Ман ба бузург гардонидани ту дар назари тамоми Исроил шурӯъ менамоям, то бидонанд, ки чунон ки бо Мусо будам, ончунон бо ту хоҳам буд;