Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 12:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид; ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 12:3
14 Iomraidhean Croise  

Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.


Ва Худованд бағоят бар Исроил ғазаб намуда, онҳоро аз ҳузури Худ дур кард; ҷуз аз як сибти Яҳудо касе боқӣ намонд.


Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.


То даме ки Худованд Исроилро аз ҳузури худ дур андохт, чунон ки ба воситаи ҳамаи бандагони Худ анбиё гуфта буд; ва исроилиён аз замини худ ба Ашшур ҷалои ватан шуданд, ки то имрӯз чунин аст.


Бинобар ин боз бар шумо доварӣ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва бар писарони писарони шумо доварӣ хоҳам кард.


Алҳол интиҳо бар туст, ва Ман ғазаби Худро бар ту мефиристам, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мувофиқи тамоми аъмоли зиштат ба ту талофӣ хоҳам дод.


Алҳол хашми Худро ба зудӣ бар ту фурӯ хоҳам рехт, ва ғазаби Худро бар ту ба итмом хоҳам расонид, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мукофоти тамоми аъмоли зиштатро ба ту хоҳам дод.


Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин.


Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд; ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод, ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки шариати Худовандро тарк карданд, ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд, ва бутҳои онҳо, ки падаронашон пайравӣ мекарданд, онҳоро дар иштибоҳ андохт.


Худовандро бишнавед, эй кӯҳҳо, ва шумо, эй асосҳои матини замин, зеро ки Худованд бо қавми Худ талош дорад, ва бо Исроил мубоҳиса хоҳад кард.


Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, — барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan