Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ. Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат, ки модашер ва наррашер, афъӣ ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд, сарвати худро бар пушти харон, ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда, назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.
Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.
Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин.