Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 12:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 12:1
20 Iomraidhean Croise  

Ва инак, ҳафт хӯшаи холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паи онҳо рӯиданд.


Фул, подшоҳи Ашшур, бар мамлакат тохт овард. Ва Менаҳем ба Фул ҳазор киккар нуқра дод, то ки дасти вай бо ӯ бошад, ва ӯ салтанатро дар дасти худ мустаҳкам кунад.


Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.


«Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад? Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?


Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ? Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ, ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд;


Ҳамаи чӯпонони туро бод хоҳад бурд, ва дӯстдорони ту ба асирӣ хоҳанд рафт; он гоҳ аз тамоми шарорати худ хиҷил ва шармсор хоҳӣ шуд.


Ва шуморо аз ҳузури Худ хоҳам ронд, ончунон ки ҳамаи бародарони шуморо, тамоми насли Эфроимро рондам.


Ба Миср ва Ашшур даст кафча кардем, то ки аз нон сер шавем.


Ва инак, агарчи он шинонида шуда бошад, оё муваффақият хоҳад ёфт? Охир, ҳамин ки боди шарқӣ ба он бирасад, он тамоман хушк хоҳад шуд, дар ҷӯякҳои нумӯи худ хоҳад хушкид“».


Маро Эфроим бо кизб, ва Исроил бо макр иҳота кардааст; ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо, бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.


Бар ҳасби оташи ғазаби Худ амал нахоҳам кард, ба маҳв кардани Эфроим шурӯъ нахоҳам намуд; зеро ки Ман Худо ҳастам ва на одамизод; дар миёни ту Қуддус ҳастам; ва дар авҷи ғазаб назди ту нахоҳам омад.


Агар ту, эй Исроил, зино мекунӣ, бигзор Яҳудо гуноҳкор нашавад; ва шумо ба Ҷилҷол наравед, ва ба Байт‐Овин набароед, ва ба ҳаёти Худованд қасам ёд накунед.


Бод онҳоро бо болҳояш фаро хоҳад гирифт, ва онҳо аз қурбониҳои худ хиҷил хоҳанд шуд.


Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.


Чун Исроилро шифо доданӣ шавам, гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид, зеро ки рафторашон козибона аст; ва дуздон медароянд, ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд.


Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.


Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan