Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишнавӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахоҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».
Валекин вай намедонист, ки Ман будам, ки ғалла ва шароб ва равғанро ба вай медодам, ва нуқра ва тиллоро барои вай афзун мекардам, ки Баалро аз он месохтанд.