Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 11:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ҳар қадар бештар онҳоро даъват мекарданд, ҳамон қадар бештар аз пеши онҳо дур мерафтанд: барои Баалҳо қурбонӣ мекарданд, ва барои санамҳо бухур месӯзониданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 11:2
28 Iomraidhean Croise  

Ва дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳаштум, — моҳе ки аз хаёли худ бофта бароварда буд, — назди қурбонгоҳе ки дар Байт‐Ил сохта буд, рафт; ва иде барои банӣ‐Исроил барпо намуд, ва назди қурбонгоҳ омад, то ки бухур бисӯзонад.


Ва алҳол фиристода, тамоми Исроилро назди ман бар кӯҳи Кармил ҷамъ кун, ва низ чорсаду панҷоҳ нафар анбиёи Баал ва чорсад нафар анбиёи Ашераро, ки аз суфраи Изобал хӯрок мехӯранд».


Ва солҳои бисьёр ба онҳо сабурӣ намудӣ, ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ, вале онҳо гӯш надоданд, ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ.


Барои гуноҳҳои шумо ва гуноҳҳои падарони шумо бо якҷоягӣ, — мегӯяд Худованд, — ки онҳо бар кӯҳҳо бухур месӯзониданд, ва бар теппаҳо Маро хорӣ медоданд; ва Ман подоши онҳоро аввал андоза карда, ба онҳо хоҳам расонид».


Аммо қавми Ман Маро фаромӯш карда, барои батолат бухур месӯзонанд, ва он батолат онҳоро дар роҳҳои онҳо, ки тариқҳои қадим аст, пешпо мезанад, то ки бо пайроҳаҳои ҷоддаи нообод қадамгузор шаванд,


«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва ба мардони Яҳудо ва ба сокинони Ерусалим бигӯй: оё шумо сабақ намегиред, то ки ба суханони Ман гӯш диҳед? — мегӯяд Худованд.


Вале онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, то ки аз шарорати худ баргарданд ва барои худоёни дигар бухур насӯзонанд.


Ва қавми Ман ҳанӯз моиланд, ки ба Ман осӣ шаванд; ва ҳангоме ки онҳоро ба сӯи Худои Таоло даъват менамоянд, онҳо бо якҷоягӣ баланд намешаванд.


Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.


Бар қуллаҳои кӯҳҳо онҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар талҳо, зери дарахтони булут ва сафедор ва писта, ки сояи хуб дорад, бухур месӯзонанд; бинобар ин духтарони шумо зино мекунанд, ва келинҳои шумо саргарми фаҳш мешаванд.


Эфроим ба бутҳо часпидааст; ӯро ба ҳоли худ вогузор!


Мисли падарони худ набошед, ки анбиёи пешина онҳоро хонда, гуфтанд: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз роҳҳои бади худ ва аз корҳои бади худ баргардед“, вале онҳо нашниданд ва ба Ман гӯш надоданд, мегӯяд Худованд.


Вале онҳо аз гӯш додан рӯ тофтанд, ва саркашӣ карданд, ва гӯшҳои худро кар карданд, то ки нашнаванд.


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.


Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва Худовандро тарк карда, Баал ва Аштораҳоро ибодат намуданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan