Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 11:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Вақте ки Исроил навҷавоне буд, Ман ӯро дӯст доштам; ва писари Худро аз Миср даъват намудам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 11:1
18 Iomraidhean Croise  

Суруди сууд. Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам.


Шумо он чиро, ки Ман ба мисриён кардам, дидед, ва Ман шуморо бар болҳои уқобон бардоштам, ва шуморо назди Худ овардам.


Ва ба фиръавн бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст;


Ва ба ту мегӯям: писарамро равона кун, то ки Маро ибодат намояд, ва агар ба равона карданаш розӣ нашавӣ, инак, Ман писари нахустзодаи туро мекушам“».


Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ, ва Ман туро дӯст доштаам, бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту, ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.


«Хонаи Худро тарк кардам; мероси Худро партофтам; ҷононаи Худро ба дасти душманонаш супурдам.


«Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро, вақте ки аз қафои Ман дар биёбон, дар замини нокишта мерафтӣ, барои ту дар хотир дорам.


Ва дар тамоми аъмоли зишт ва зинокории худ ту айёми ҷавонии худро ба ёд наовардӣ, ки он вақт бараҳна ва урьён буда, дар хунҳоят ҷӯлида мехобидӣ.


Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дар хунҳоят ҷӯлида дидам, ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“ Ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“


Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.


Ва Худованд ба воситаи набӣ Исроилро аз Миср берун овард, ва ба воситаи набӣ ӯро нигаҳбонӣ намуд.


Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам; боз туро мисли айёми ид дар хаймаҳо ҷойгир хоҳам кард.


Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам, ва ту ғайр аз Ман худои дигарро нашинохтаӣ, ва ғайр аз Ман наҷотдиҳандае нест.


Ва токҳои варо аз он ҷо ба вай хоҳам дод, ва водии Охӯрро дарвозаи умед хоҳам гардонид; ва дар он ҷо вай, чун дар айёми ҷавониаш ва чун дар рӯзи баромаданаш аз замини Миср, суруд хоҳад хонд.


Ман шуморо дӯст доштаам, мегӯяд Худованд. Вале шумо мегӯед: «Муҳаббати Худро ба мо дар чӣ зоҳир намудаӣ?» Оё Эсови бародари Яъқуб набуд? — мегӯяд Худованд. — Вале Ман Яъқубро дӯст доштам,


Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: «Аз Миср Писари Худро хондам».


Ба яқин Ту қавмҳоро дӯст медорӣ; ҳамаи муқаддасонашон дар дасти Ту ҳастанд, ва онҳо назди қадамгоҳи Ту ӯрду заданд, ва суханони Туро қабул карданд, —


На аз он сабаб Худованд ба шумо дил бастааст ва шуморо баргузидааст, ки шумо аз ҳамаи қавмҳо сершумортар бошед, — зеро ки шумо аз ҳамаи қавмҳо камшумортар будед, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan