9 Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.
Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.
Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».
Дар Ҷабъа шох навозед, дар Ромо — карнай; дар Байт‐Овин бонг занед: «Дар ақиби туст, эй Биньёмин!»
Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.
Ва сокинони Ҷабъа бар ман қиём карданд, ва хонаеро, ки дар он будам, шабона иҳота намуданд. Маро мехостанд бикушанд, ва суррияи маро он қадар азият доданд, ки вай мурд.