Ҳушаъ 10:8 - Китоби Муқаддас 1992 19998 Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед». Faic an caibideil |
Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: „Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид“».
Ва баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд; ва тамоми банӣ‐Исроил, ҳар кас ба мулки худ, ба шаҳрҳои худ баргаштанд.