7 Сомария ва подшоҳаш мисли кафке бар рӯи об нест хоҳанд шуд.
Ва баъд аз ин ҳодисаҳо чунин воқеъ шуд: Нобӯти изреъилӣ дар Изреъил дар паҳлуи қасри Аҳъоб, подшоҳи Сомария, токзоре дошт.
Ва фариштаи Худованд ба Ильёси тишбӣ гуфт: «Бархоста, ба истиқболи қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: „Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, меравед?“
Ва Ҳӯшаъ ибни Эло бар Фақаҳ ибни Рамальёҳу суиқасд намуд, ва ӯро зарба зада, кушт, ва дар соли бистуми Ютом ибни Узиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва подшоҳи Ашшур дар Ҳӯшаъ хиёнат ёфт, чунки ӯ қосидонро назди Сӯ, подшоҳи Миср, фиристода буд, ва хироҷи ҳарсоларо барои подшоҳи Ашшур адо накард; ва подшоҳи Ашшур ӯро дастгир карда, дар зиндон андохт.
Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.
Зеро ки онҳо алҳол мегӯянд: «Мо подшоҳ надорем, чунки мо аз Худованд натарсидем, ва ин подшоҳ чӣ метавонад ба мо бикунад?»
Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».
Дар хашми худ подшоҳе ба ту додам, ва дар ғазаби Худ ӯро гирифтам.
Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст.