Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 10:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 10:5
20 Iomraidhean Croise  

Аммо Еҳу аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, яъне аз гӯсолаҳои тилло, ки дар Байт‐Ил ва дар Дон буд, дур нашуд.


Ва тамоми аҳкоми Худованд Худои худро онҳо тарк карда, ду гӯсолаи рехта барои худ сохтанд, ва Ашера сохтанд, ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурданд, ва Баалро ибодат карданд.


Ва коҳинони бутҳоро, ки подшоҳони Яҳудо таъин карда буданд, то ки бар баландиҳои шаҳрҳои Яҳудо ва гирду атрофи Ерусалим бухур сӯзонанд, ва онҳоеро, ки барои Баал ва офтоб ва моҳ ва ситораҳо ва тамоми лашкари осмон бухур месӯзониданд, маъзул намуд.


Ва барои худ коҳинонро аз баҳри баландиҳо ва нарбузҳо ва гӯсолаҳое ки сохта буд, таъин намуд.


Ва алҳол шумо гумон мекунед, ки ба муқобили салтанати Худованд, ки дар дасти писарони Довуд аст, метавонед истодагӣ намоед, ва шумо анбӯҳи бузурге ҳастед, ва гӯсолаҳои тиллое ки Ёробъом барои шумо худо гардонидааст, бо шумо мебошад.


Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд, он борро натавонистаанд раҳо кунанд, балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд.


Ва алҳол онҳо гуноҳҳои худро афзун мекунанд, ва аз нуқраи худ барои худ бутҳо ва санамҳоро мувофиқи фаҳмиши худ сохтаанд, ки ҳамааш амали санъаткорон аст; дар бораи онҳо мегӯянд: «Одамоне ки қурбонӣ мекунанд, гӯсолаҳоро мебӯсанд».


Агар ту, эй Исроил, зино мекунӣ, бигзор Яҳудо гуноҳкор нашавад; ва шумо ба Ҷилҷол наравед, ва ба Байт‐Овин набароед, ва ба ҳаёти Худованд қасам ёд накунед.


Дар Ҷабъа шох навозед, дар Ромо — карнай; дар Байт‐Овин бонг занед: «Дар ақиби туст, эй Биньёмин!»


Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.


Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида хоҳад рафт: зоидан, ҳомиладорӣ ва бордоршавӣ нахоҳад буд.


«Зеро дар рӯзе ки Ман Исроилро барои ҷиноятҳояш ба ҷазо мустаҳиқ намоям, барои қурбонгоҳҳои Байт‐Ил низ ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам намуд, ва шохҳои қурбонгоҳ шикаста, бар замин хоҳад афтод.


«Ва дасти Худро бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам, ва бақияи Баал, ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;


Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад».


Ва Еҳушаъ аз Ериҳӯ ба Ой, ки дар наздикии Байт‐Овин, ба тарафи шарқии Байт‐Ил воқеъ аст, одамонро фиристод, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Биравед ва он заминро ҷосусӣ кунед». Ва он одамон рафта, Ойро ҷосусӣ карданд.


Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гирифта рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе боқӣ мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки „туро чӣ шудааст?“»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan