4 Сухан мегӯянд, қасамҳои дурӯғ ёд мекунанд, аҳд мебанданд; ва доварӣ мисли гиёҳи заҳрдор бар огардҳои саҳро гул мекунад.
Зеро ки хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд, ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ; ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ; адолатро чашм дошт, ва инак — доду фарьёд.
Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.
Валекин онҳо, мисли Одам, аҳдро шикастанд: дар он ҷо ба Ман хиёнат карданд.
Эй, ки инсофро ба явшон мубаддал менамоед, ва адолатро бар замин мепартоед!
Оё аспон бар сахра метозанд? Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст? Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед, ва самари адолатро — ба явшон.
Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ».
Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.
Мабодо дар миёни шумо мард ё зан, ё қабила ё сибте бошад, ки дилаш имрӯз аз Худованд Худои мо гардад, то ки рафта, худоёни он халқҳоро ибодат намояд; мабодо дар миёни шумо решае бошад, ки заҳр ва явшон ба вуҷуд оварад, —
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;
Ва ғазаби Ман бар онҳо дар он рӯз аланга зада, онҳоро тарк хоҳам кард, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, ва онҳо талаф хоҳанд шуд, ва бадиҳо ва кулфатҳои зиёде ба сари онҳо хоҳад омад; ва дар он рӯз онҳо хоҳанд гуфт: „Азбаски Худои мо дар миёни мо нест, ин бадиҳо ба сари мо омадааст“.
Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,
Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд,