Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 10:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд: Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон, ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 10:2
24 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёс ба тамоми қавм наздик омада, гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед». Вале қавм дар ҷавоби ӯ сухане нагуфтанд.


Ба худоёни онҳо саҷда набар, ва онҳоро ибодат нанамо, ва мисли аъмоли онҳо амал накун, балки онҳоро торумор соз, ва ҳайкалҳошонро албатта бишкан.


Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.


Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон — то ки дарк накунанд.


Ва сутунҳои Байт‐Шамсро, ки дар замини Миср аст, хароб хоҳад кард, ва хонаҳои худоёни Мисрро ба оташ хоҳад сӯзонид».


То хонадони Исроил бо дили худ фаҳм кунанд, ки ҳамаашон ба воситаи бутҳои худ аз Ман дур шудаанд“.


Модоме ки Ҷилъод пур аз ҷафо гардидааст, пас инҳо бар абас будааст; дар Ҷилҷол онҳо говҳоро қурбонӣ мекарданд, ва қурбонгоҳҳои онҳо мисли сангтӯдаҳои назди огардҳои саҳро буд.


Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд ва трофим хоҳанд буд.


Эфроим бо қавмҳо аралаш шуда рафтааст; Эфроим ноне гардидааст, ки рӯи дигараш ба оташ баргардонида нашудааст.


Ва баландиҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва санамҳои Ҳамони шуморо маҳв хоҳам намуд, ва лошаҳои шуморо бар шикастапораҳои бутҳои шумо вожгун хоҳам сохт, ва ҷони Ман аз шумо кароҳат хоҳад дошт;


Ва санамҳо ва сутунҳои туро аз андаруни ту маҳв хоҳам кард; ва дигар ба амали дастҳои худ саҷда нахоҳӣ кард;


Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд, ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки Ман номҳои бутҳоро аз рӯи замин маҳв хоҳам намуд, ва онҳоро дигар ба ёд нахоҳанд овард; ва анбиёи дорои рӯҳи палидро низ аз замин нест хоҳам кард.


Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.


Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед».


Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.


Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.


Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;


Ва фардои он бомдодон онҳо бармаҳал бархостанд, ва инак, Доҷӯн пеши сандуқи Худованд рӯ ба замин ғалтидааст; ва каллаи Доҷӯн ва ду кафи дасташ қатъ гардида, бар остона хобидааст; фақат тани Доҷӯн дар ҷояш мондааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan