Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 10:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 10:12
33 Iomraidhean Croise  

Маро ба ёд ор, эй Худованд, вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун,


Бинобар ин шаддаи ғурур гарданашонро оро додааст; либоси зулм ҷисмашонро пӯшидааст.


Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.


Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.


Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?


Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.


Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такья менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд, ва аз Худованд дархост намекунанд!


Хушо шумо, эй касоне ки назди ҳамаи обҳо кишт менамоед, ва пойҳои гову хари худро ба он ҷо равона мекунед!


Зеро ки об бар ташна, ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт; рӯҳи Худро бар насли ту, ва баракати Худро бар зурьёти ту хоҳам рехт.


Эй афлок! Аз боло биборон, то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад. Бигзор замин рӯи худро бикшояд, то ки наҷотро ба миён оварад, ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад. Ман — Худованд инро офаридаам».


Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ! Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр, ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд,


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.


Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад; Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст.


Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — банӣ‐Исроил хоҳанд омад, онҳо бо якҷоягии банӣ‐Яҳудо гирьякунон равона хоҳанд шуд ва Худованд Худои худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард.


Ва ба онҳо ва ба атрофи теппаи Худ баракат хоҳам бахшид, ва боронро дар мавсимаш хоҳам боронид: боронҳои баракат хоҳад буд.


«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».


Сомария маҳкум хоҳад шуд, зеро ки ба муқобили Худои худ қиём кардааст: онҳо ба дами шамшер хоҳанд афтод. тифлҳошон ба сахра зада кушта хоҳанд шуд, ва ҳомиладоронашон шикамчок хоҳанд гардид.


Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».


Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.


Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред, ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед; шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад.


Зеро ки Худованд ба хонадони Исроил чунин мегӯяд: «Маро толиб бошед, ва хоҳед зист.


Худовандро толиб бошед, ва хоҳед зист; мабодо ғазаби Ӯ мисли оташ дар хонадони Юсуф даргирифта, варо фурӯ барад, ва касе набошад, ки онро дар Байт‐Ил хомӯш кунад.


Ӯ, ки Парвин ва Ҷабборро офаридааст, ва зулмотро ба субҳ табдил медиҳад, ва рӯзро шаби торик мегардонад, ва обҳои баҳрро даъват менамояд, ва онҳоро бар рӯи замин мерезад, — Худованд исми Ӯст.


«Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.


Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;


Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард,


Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan