Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 10:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 10:10
20 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ машварат намуда, ду гӯсолаи тилло сохт. Ва ба онҳо гуфт: «Ба Ерусалим рафтанатон бас аст! Инак худоёни шумо, эй Исроил, ки шуморо аз замини Миср берун овардаанд».


Оё гови ваҳширо бо арғамчини он метавонӣ ба ҷӯяк бибандӣ? Оё вай аз ақиби ту кулӯхҳоро мола хоҳад кард?


Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, Неруманди Исроил мегӯяд: «Ҳой, Ман аз шикасти адуёни Худ қаноат ҳосил хоҳам кард ва аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт!


Ту Маро тарк кардӣ, — мегӯяд Худованд, — ақиб гаштӣ; бинобар ин Ман дасти Худро бар ту дароз карда, туро талаф хоҳам намуд: аз пушаймон шудан безорам.


Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.


„Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;


Аз барои ҳамин, инак Ман ҳамаи ошиқонатро, ки бо онҳо кайфу сафо мекардӣ, ва ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, бо ҳамаи онҳое ки бад медидӣ, ҷамъ хоҳам кард; ва онҳоро аз ҳар тараф ба муқобили ту ҷамъ карда, урьёнии туро пеши онҳо ошкор хоҳам кард, то ки онҳо урьёнии туро бубинанд.


Ва хашми Худро бар ту фурӯ хоҳам нишонид, ва рашки Ман аз ту хоҳад баргашт, ва Ман ором шуда, дигар ғазаб нахоҳам кард.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҷамоатро ба зидди онҳо барангез, ва онҳоро ба даҳшат ва тороҷ бисупор.


Бинобар ин Ман ӯро ба дасти хушдоронаш, яъне ба дасти банӣ‐Ашшур, ки ба онҳо дил дода буд, супурдам.


Ва чун ғазабам ба итмом расад, ва хашми Худро бар онҳо фурӯ резам, он гоҳ Ман тасаллӣ хоҳам ёфт, ва онҳо, баъд аз он ки хашми Худро бар онҳо фурӯ рехта ба итмом расонам, хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дар қаҳри Худ сухан рондаам.


Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.


Бод онҳоро бо болҳояш фаро хоҳад гирифт, ва онҳо аз қурбониҳои худ хиҷил хоҳанд шуд.


Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд; ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод, ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид.


Шохро ба даҳонат бигир! Вай мисли уқоб бар хонаи Худованд ҳуҷум хоҳад кард, зеро ки онҳо аҳди Маро шикастанд, ва бар зидди шариати Ман ҷиноят карданд.


Гарчанде ки ба халқҳо тӯҳфа медиҳанд, алҳол Ман онҳоро ҷамъ хоҳам кард, ва дере нагузашта аз юғи подшоҳи сарварон ба ларза хоҳанд омад.


Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худованд шодикунон ба шумо эҳсон намуда, шуморо афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan