9 Ва Ӯ гуфт: «Номи ӯро Лӯ‐Аммӣ бихон, зеро ки шумо қавми Ман нестед, ва Ман барои шумо нахоҳам буд.
Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.
Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур не, балки Магӯр‐Мисавив хондааст.
Вале шумораи банӣ‐Исроил мисли реги дарьё хоҳад буд, ки онро на чен кардан мумкин аст ва на шумурдан; ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ба ҷои он ки ба онҳо гуфта мешуд: „Шумо қавми Ман нестед“, ба онҳо гуфта хоҳад шуд: „Писарони Худои Ҳай ҳастед“.
Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.
Ва барои Худам варо дар замин зироат хоҳам кард, ва бар Лӯ‐Руҳома марҳамат хоҳам намуд, ва ба Лӯ‐Аммӣ хоҳам гуфт: „Ту қавми Ман ҳастӣ“, ва ӯ хоҳад гуфт: „Ту Худои ман ҳастӣ“».