8 Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.
Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.
Ва боз вай ҳомила шуда, духтаре зоид, ва Худованд гуфт: «Номи варо Лӯ‐Руҳома бихон, зеро ки Ман бар хонадони Исроил дигар марҳамат нахоҳам кард ва онҳоро нахоҳам омурзид;
Валекин бар хонадони Яҳудо марҳамат хоҳам кард, ва онҳоро бо қудрати Худованд Худои онҳо наҷот хоҳам дод, ва онҳоро ба воситаи камон ва шамшер ва корзор ва аспон ва саворон наҷот нахоҳам дод».
Ва Ӯ гуфт: «Номи ӯро Лӯ‐Аммӣ бихон, зеро ки шумо қавми Ман нестед, ва Ман барои шумо нахоҳам буд.