Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Валекин бар хонадони Яҳудо марҳамат хоҳам кард, ва онҳоро бо қудрати Худованд Худои онҳо наҷот хоҳам дод, ва онҳоро ба воситаи камон ва шамшер ва корзор ва аспон ва саворон наҷот нахоҳам дод».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 1:7
26 Iomraidhean Croise  

Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; ва дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.


Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».


Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро дар ӯрдугоҳи Ашшур зарба зад, ва бомдодон, вақте ки бархостанд, инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.


Ва онҳо назди ӯ фурӯд меомаданд. Ва Элишоъ сӯи Худованд дуо хонда, гуфт: «Лутфан, ин одамонро ба кӯрӣ гирифтор намо». Ва Ӯ онҳоро, бар тибқи каломи Элишоъ, ба кӯрӣ гирифтор кард.


Чашмони Худованд бар одилон аст, ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо.


Тахти Ту, эй Худо, то абад аст; асои ростӣ асои малакути Туст.


Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид.


Ва Худованд дар он рӯз Исроилро аз дасти мисриён раҳо кард; ва исроилиён мисриёнро дар соҳили баҳр мурда диданд.


Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».


Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!


Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».


Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.


Он чиро, ки ба шумо гуфта шуд: „Ҳар яке аз роҳи бади худ ва аз аъмоли шариронаи худ баргардед, ва ба замине ки Худованд ба шумо ва падаронатон аз азал то абад додааст, сукунат кунед;


Ва аз қафои худоёни дигар наравед, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда намоед; ва Маро бо маснӯи дастҳои худ ба ғазаб наоваред, ва Ман ба шумо осебе нахоҳам расонид“.


Он гоҳ аз насли Яъқуб ва бандаи Худ Довуд низ безор мешудам, то ки аз насли ӯ ҳокимонро барои насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нагирам; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид ва бар онҳо раҳм хоҳам кард».


Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.


Маро Эфроим бо кизб, ва Исроил бо макр иҳота кардааст; ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо, бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.


Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва тамоми ни ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan