6 Ва боз вай ҳомила шуда, духтаре зоид, ва Худованд гуфт: «Номи варо Лӯ‐Руҳома бихон, зеро ки Ман бар хонадони Исроил дигар марҳамат нахоҳам кард ва онҳоро нахоҳам омурзид;
Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.
Подшоҳи Ашшур дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ Сомарияро забт намуд, ва исроилиёнро ба Ашшур ба асирӣ бурд, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард.
Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.
Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.
Ва барои Худам варо дар замин зироат хоҳам кард, ва бар Лӯ‐Руҳома марҳамат хоҳам намуд, ва ба Лӯ‐Аммӣ хоҳам гуфт: „Ту қавми Ман ҳастӣ“, ва ӯ хоҳад гуфт: „Ту Худои ман ҳастӣ“».
Ва бар фарзандони вай марҳамат нахоҳам кард, зеро ки онҳо фарзандони зино мебошанд,
Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Шоқуле». Ва Худованд гуфт: «Инак, шоқуле дар миёни қавми Худ Исроил мегузорам, ва дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.
Инак, чашмони Худованд Худо бар мамлакати гуноҳкор аст, ва Ман онро аз рӯи замин маҳв хоҳам кард; аммо хонадони Яъқубро куллиятан талаф нахоҳам кард», мегӯяд Худованд.
Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.