Зеро ки бар он, бар Бобил тороҷгар меояд, ва баҳодурони он ба даст афтода, камонҳошон мешиканад, зеро ки Худованд Худои мукофотҳост, ва ҳатман подош хоҳад дод.
Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид.