Онҳо аврати ӯро кушоданд, писарон ва духтаронашро гирифтанд, ва ӯро бо шамшер куштанд, ва номаш барои занон ибрат шуд, ва ӯро ба ҷазо мустаҳиқ карданд.
Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.