Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 1:2
24 Iomraidhean Croise  

Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуда, аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро зинокор гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида буданд; ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —


Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.


Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.


Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.


Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам, аз қафои Баал нарафтаам“? Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ, назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо, эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад!


Ва воқеъ шуд, ки вай дар зинои худ сабукрафторӣ карда, заминро палид намуд, ва бо санг ва чӯб зино кард.


Ва растагорони шумо дар миёни халқҳо, дар ҷойҳое ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, Маро ба ёд хоҳанд овард, ки Ман дили зинокори онҳоро, ки аз Ман дур шуда буд, ва чашмони онҳоро, ки аз паси бутҳошон зино мекард, дарҳам шикастаам, ва онҳо барои бадиҳое ки илова ба тамоми аъмоли зишти худ кардаанд, аз худашон нафрат хоҳанд дошт,


Ва ҳарчанд вай аз паи хушдорони худ афтад, ба онҳо нахоҳад расид, ва ҳарчанд онҳоро ҷустуҷӯ намояд, нахоҳад ёфт, ва хоҳад гуфт: „Рафта, назди шавҳари якуми худ бармегардам, зеро ки дар он вақт, назар ба ҳозира, барои ман беҳтар буд“.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Бори дигар рафта, занеро, ки маҳбубаи ёрест ва зинокорӣ мекунад, дӯст бидор, мисли он ки Худованд банӣ‐Исроилро дӯст медорад, ва ҳол он ки онҳо ба худоёни дигар рӯ меоваранд ва кулчаҳои мавизиро дӯст медоранд».


Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест; зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ, ва Исроил палид гардидааст.


Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.


Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan