Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Исроил бо ҳам ҷамъ хоҳанд шуд, ва як сардорро барои худ таъин намуда, аз он замин хоҳанд баромад; зеро ки рӯзи Изреъил бузург аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 1:11
24 Iomraidhean Croise  

Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.


Ва сарвари ӯ аз худи ӯ хоҳад буд, ва ҳокими ӯ аз даруни ӯ хоҳад баромад, ва Ман варо муқарраби Худ хоҳам гардонид, то ки вай ба Ман наздик ояд, зеро кист, ки ҷуръат намуда, ба Ман наздик ояд? — мегӯяд Худованд.


Зеро инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман қавми Худ — Исроил ва Яҳудоро аз асирӣ хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаам, хоҳам баргардонид, ва онҳо онро тасарруф хоҳанд кард».


Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад! Ва ин барои Яъқуб замони тангист, вале аз он ӯ наҷот хоҳад ёфт.


Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,


Инак, Ман онҳоро аз ҳамаи заминҳое ки дар ғазаб ва хашм ва қаҳри бузурги Худ онҳоро ба он ҷо бадар ронда будам, ҷамъ хоҳам овард, ва онҳоро ба ин макон баргардонида, дар амният сокин хоҳам кард.


Ва Исроилро ба чарогоҳи худаш хоҳам баргардонид, ва ӯ дар Кармил ва Бошон хоҳад чарид, ва ҷони ӯ бар кӯҳи Ҷилъод ва Эфроим сер хоҳад шуд.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: акнун асирони Яъқубро хоҳам баргардонид, ва бар тамоми хонадони Исроил раҳм хоҳам кард, ва барои исми муқаддаси Худ рашк хоҳам намуд.


Ба бародарони худ бигӯед: „Аммӣ“, ва ба хоҳарони худ: „Руҳома“.


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чӣ хоҳад буд?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan