Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 1:1
26 Iomraidhean Croise  

Ва Юош бо падарони худ хобид, ва Ёробъом бар тахти ӯ нишаст. Ва Юош дар Сомария, бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд.


Ва Юош бо падарони худ хобид, ва дар Сомария бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд, ва писараш Ёробъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Дар соли понздаҳуми Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, дар Сомария подшоҳ шуд, ва чилу як сол подшоҳӣ кард.


Дар соли дуюми Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.


Ва Худованд подшоҳро ба бало гирифтор кард, ва ӯ то рӯзи фавташ махавӣ буд, ва дар махавхона сукунат дошт; ва Ютом, писари подшоҳ, бар хонаи ӯ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.


Ва Азарьё бо падаронаш хобид, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Дар вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.


Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; вале он чи дар назари Худованд мақбул буд, мисли падараш Довуд ба амал наовард,


Ва дигар қурбониҳои муқаддас — шашсад гов ва се ҳазор гӯсфанд буд.


Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.


Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд.


Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.


Каломи Худованд, ки бар Юил ибни Фатуил нозил шуд.


Суханони Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.


Ва каломи Худованд ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:


Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.


Дар моҳи ҳаштум, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд бар Закарьёи набии ибни Баракьё, ибни Идду нозил шуда, гуфт:


Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, —


Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегӯяд: «Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд;


Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan