Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 8:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 8:3
39 Iomraidhean Croise  

Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун аз пеши ту биравам, ва Рӯҳи Худованд туро ба ҷое ки намедонам, бардошта барад, ва ман рафта ба Аҳъоб хабар диҳам, ва ӯ туро наёбад, — дар он сурат ӯ маро хоҳад кушт; ва бандаат аз бачагии худ аз Худованд метарсад;


Ва қурбонгоҳи мисинро, ки дар ҳузури Худованд буд, аз пешгоҳи хона, яъне аз ҷое ки дар миёни қурбонгоҳ ва хонаи Худованд буд, кӯчонид, ва онро аз паҳлуи шимолии он қурбонгоҳ гузошт.


Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».


Ва ҳайкали Ашераро, ки сохта буд, дар хонае гузошт, ки дар бораи он Худованд ба Довуд ва писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам, исми Худро то абад хоҳам гузошт;


Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.


Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;


Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.


Ва дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, чизҳои зишти худро гузоштанд, то ки онро палид созанд.


Зеро ки банӣ‐Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, — мегӯяд Худованд, — ва чизҳои зишти худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд;


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.


Ва ҳангоме ки он мард дохил шуд, каррубиён ба тарафи рости маъбад истода буданд, ва абр саҳни дохилиро пур кард.


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, назди дарвозаи шарқии хонаи Худованд, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, овард, ва инак ба даҳани дарвоза бисту панҷ мард буданд; ва ман дар миёни онҳо сарварони қавм — Яазаньё ибни Аззур ва Фалатьё ибни Баноёро дидам.


Ва дар рӯъё Рӯҳи Худо маро бардошт ва ба кишвари калдониён назди ҷалои ватан шудагон овард; ва рӯъёе ки ман дидам, аз ман ғоиб шуд;


Ва ман назар кардам, ва инак дасте сӯи ман ёзонида шудааст, ва инак тӯморе дар он мебошад.


Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.


Дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва маро дар рӯҳи Худованд берун овард, ва маро андаруни даштрӯя гузошт, ва он аз устухонҳо пур буд.


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, ба саҳни дохилӣ овард, ва инак ҷалоли Худованд маъбадро пур кард.


Дар сурате ки онҳо остонаи худро назди остонаи Ман ва паҳлударии худро назди паҳлударии Ман месохтанд, ва фақат деворе дар мобайни Ман ва онҳо буд, ва онҳо исми муқаддаси Маро бо корҳои зишти худ, ки ба ҷо меоварданд, палид карданд, ва Ман онҳоро дар хашми Худ ба ҳалокат расондам.


Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.


Ва асбоби зебу зинати худро, ки аз он мебошад, онҳо боиси ифтихор гардонидаанд, ва бутҳои зишт ва қабеҳи худро аз он сохтаанд; барои ҳамин ҳам Ман онро барояшон ба чизи наҷисе табдил хоҳам дод.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Чашмонатро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кун». Ва ман чашмонамро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кардам, ва инак ба тарафи шимолии дарвозаи қурбонгоҳ ин бути рашкро назди даромадгоҳ дидам.


Ва инак шаш нафар аз роҳи дарвозаи боло, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, омаданд, ва ҳар кадомро олати харобкунандааш дар дасташ буд, ва дар миёни онҳо як мард либоси катон дар тан дошт, ва дар камараш лавозимоти хатнависӣ буд; ва онҳо омада, назди қурбонгоҳи мисин истоданд.


Ва инак дасте ба ман расида, маро бар зонуҳо ва кафи дастҳоям ларзон‐ларзон бархезонд.


Ва махлуқи одаммонанд боз ба ман даст расонда, маро тақвият намуд,


Дар ҳамон соат ангуштҳои дасти одам пайдо шуда, дар рӯ ба рӯи чароғдон, бар гаҷи девори қасри подшоҳ навишт, ва подшоҳ кафи дастро, ки менавишт, дид.


Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.


Бо худоёни ғайр онҳо рашки Ӯро оварданд, бо корҳои зишт Ӯро хашмгин карданд.


Онҳо бо он чи худо нест, рашки Маро оварданд, бо чизҳои ҳеҷу пучи худ Маро хашмгин карданд; пас, Ман бо он чи қавм нест, рашки онҳоро хоҳам овард, бо халқи разиле онҳоро хашмгин хоҳам кард.


Зеро ки Худованд Худои ту оташи сӯзанда аст, Худои рашкнок аст.


Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои рашкноке ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам,


Зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои рашкнок аст; мабодо ғазаби Худованд Худоят бар ту аланга занад, ва Ӯ туро аз рӯи замин маҳв кунад.


Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan