3 Алҳол интиҳо бар туст, ва Ман ғазаби Худро бар ту мефиристам, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мувофиқи тамоми аъмоли зиштат ба ту талофӣ хоҳам дод.
Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам: ин фаро хоҳад расид, ва Ман инро ба амал хоҳам овард; ботил нахоҳам кард, ва риққат нахоҳам овард, ва пушаймон нахоҳам шуд; бар тибқи рафторат ва бар тибқи аъмолат бар ту доварӣ хоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо“».
Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
Ва чашмам бар ту риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, балки ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам».
Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.