3 Ва адади каме аз он мӯйҳо гирифта, онҳоро дар домани худ бибанд.
Вале аз миёни камбағалони мамлакат баъзеро сардори ҷаллодон ҳамчун токдорон ва зироаткорон боқӣ гузошт.
Вале бенавоёни қавмро, ки ҳеҷ чиз надоштанд, сардори посбонон Набузаръадон дар замини Яҳудо вогузошт, ва ҳамон рӯз ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод.
Ва Ирмиё назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омада, бо ӯ дар миёни қавме ки дар мамлакат боқӣ монда буданд, сокин шуд.
Вале сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни заминро барои токдорӣ ва зироаткорӣ вогузошт.
Сеякашро андаруни шаҳр ба оташ бисӯзон, вақте ки рӯзҳои муҳосира ба анҷом расад; ва сеякашро гирифта, дар атрофи он бо теғ бизан, ва сеякашро ба бод пароканда намо, ва Ман аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
Ва аз онҳо боз бигир, ва онҳоро ба даруни оташ биандоз, ва онҳоро дар оташ бисӯзон; оташе аз он ба сӯи тамоми хонадони Исроил берун хоҳад омад».
Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?