Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва онро муҳосира намо, ва истеҳкомоте ба муқобили он бисоз, ва хокрезе назди он барпо кун, ва ӯрдугоҳҳо бар зидди он барқарор намо, ва манҷаниқҳо дар гирди он ҷойгир кун.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 4:2
12 Iomraidhean Croise  

Вале онҳо омада, ӯро дар Обили Байт‐Маако муҳосира карданд, ва хоктӯдае пеши шаҳр барпо намуданд, ки он то ба сари ҳисор расид, ва тамоми қавме ки бо Юоб буданд, ҳисорро вайрон мекарданд, то ки онро афтонанд.


Ва инак, водиҳои беҳтарини ту аз аробаҳои ҷангӣ пур шудааст, ва саворон дар рӯ ба рӯи дарвоза мавқеъ гирифтаанд.


Инак, хокрезҳо ба шаҳр расидааст, то ки онро забт кунанд; ва шаҳр ба дасти калдониёне ки ба зидди он ҷанг мекунанд, аз боиси шамшер ва қаҳтӣ ва вабо таслим мешавад; ва он чи Ту гуфта будӣ, ба амал меояд, ва инак, Ту инро мебинӣ.


Зеро чунин мегӯяд Худованд, Худои Исроил дар бораи хонаҳои ин шаҳр ва дар бораи хонаҳои подшоҳони Яҳудо, ки барои хокрезҳо ва барои ҳарбу зарб валангор карда шудааст


Ва дар соли нӯҳуми подшоҳии ӯ, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ воқеъ шуд, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил, худаш ва тамоми лашкараш, назди Ерусалим омад, ва бар зидди он ӯрду заданд, ва девори муҳосира гирдогирди он бино карданд.


Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дарахтонро бурида, хокрезе бар зидди Ерусалим барпо кунед: ин шаҳр бояд ба ҷазо гирифтор шавад, чунки саросар пур аз зулм аст.


Дар дасти рости ӯ фоли „Ерусалим“ аст, то ки манҷаниқҳо барпо намояд, барои куштор даҳон кушояд, дар гулбонг овоз баланд кунад, манҷаниқҳоро дар рӯ ба рӯи дарвозаҳо барпо намояд, хокрез созад, истеҳкомот бино кунад.


Онро харобазор, харобазор хоҳам гардонид, ба дараҷае ки ҳаргиз воқеъ нашудааст, то вақти омадани он касе ки ҳақ аз они ӯст, ва Ман онро ба ӯ хоҳам дод.


Сеякашро андаруни шаҳр ба оташ бисӯзон, вақте ки рӯзҳои муҳосира ба анҷом расад; ва сеякашро гирифта, дар атрофи он бо теғ бизан, ва сеякашро ба бод пароканда намо, ва Ман аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.


Ва подшоҳи Шимол хоҳад омад, ва сангаргоҳ барпо намуда, шаҳри истеҳкомдорро забт хоҳад кард; ва фавҷҳои Ҷануб, ва сипоҳи баргузидагонаш истодагӣ натавонанд кард, — ӯ қуввате барои истодагӣ нахоҳад дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan