1 Ва ту, эй писари одам, барои худ хишти хоме бигир, ва онро пеши худ бимон, ва шаҳреро, ки Ерусалим бошад, бар он нақш каш;
Зеро ки ин шаҳр аз рӯзе ки онро бино карданд, то имрӯз сабаби хашм ва ғазаби Ман гардидааст, то ки онро аз ҳузури Худ дур андозам
Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дарахтонро бурида, хокрезе бар зидди Ерусалим барпо кунед: ин шаҳр бояд ба ҷазо гирифтор шавад, чунки саросар пур аз зулм аст.
«Ва ту, эй писари одам, ду роҳ барои худ тасвир намо, ки аз онҳо шамшери подшоҳи Бобил бояд бигзарад, — ҳар дуяш аз як сарзамин берун меояд; ва нақши дастро бикаш; дар сари ҳар роҳ нақши шаҳрро бикаш.
Ва Ман ба анбиё сухан рондам, ва рӯъёҳоро афзун кардам, ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам.
«Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.