3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Шиками худро бихӯрон ва амъои худро аз ин тӯморе ки Ман ба ту медиҳам, пур кун». Ва ман хӯрдам, ва дар даҳонам мисли асал ширин буд.
Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.
Ва ман аз ғазаби Худованд пур шудаам, ва аз нигоҳ доштани он лакот гардидаам. «Пас, онро дар кӯча бар кӯдакон ва бар маҷлиси ҷавонон якбора бирез; мард бо зан низ гирифтор хоҳанд шуд, ва мӯйсафед бо шахси солхӯрда.