1 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Он чиро, ки меёбӣ, бихӯр; ин тӯморро бихӯр, ва рафта, ба хонадони Исроил бигӯй».
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ман туро назди банӣ‐Исроил мефиристам, назди сибтҳои исьёнгаре ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд,
Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.
Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.
Он гоҳ гуфтам: „Инак, меоям, — чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“».