Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 26:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман, эй Сӯр, ба ту зид ҳастам! Ва халқҳои бисьёрро ба муқобили ту хоҳам бархезонид, чунон ки баҳр мавҷҳояшро бармехезонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 26:3
23 Iomraidhean Croise  

Ва дар он рӯз бар ӯ мисли хурӯши баҳр ғурриш хоҳад кард; ва кас агар ба замин назар андозад, инак торикӣ ва тангист, ва нур дар паси абрҳои сиёҳ тира шудааст.


«Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй сокинаи водӣ ва эй сахраи ҳомун, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ки мегӯянд: „Кист, ки бар мо ҳуҷум оварад, ва кист, ки ба масканҳои мо дохил шавад?“


Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд;


Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй густоҳ, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, — зеро ки рӯзи ту, замоне ки туро ба ҷазо мустаҳиқ намоям, расидааст.


Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд; сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд; овозашон мисли баҳр мехурӯшад, ва бар аспон савор мешаванд; чун як тан барои ҷанг ба зидди ту, эй духтари Бобил, саф бастаанд.


Баҳр бар Бобил туғьён намуда, бо анбӯҳи мавҷҳояш вай пӯшида шудааст.


Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд; сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд; овозашон мисли баҳр мехурӯшад, ва бар аспон савор мешаванд; чун як тан барои ҷанг ба зидди ту, эй духтари Сион, саф бастаанд».


Ва ба замини Исроил бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак Ман ба ту рӯ меоварам, ва шамшери Худро аз ғилофаш кашида, одил ва шарирро аз даруни ту маҳв хоҳам кард.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: чун туро монанди шаҳрҳои ғайримаскун ба шаҳри вайронае табдил диҳам, ва вартаро бар ту барорам, то ки обҳои бисьёр туро бипӯшонад,


Белкашҳоят туро ба обҳои азим бурданд, боди шарқӣ туро дар дили баҳрҳо дарҳам шикаст.


Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Инак Ман ба ту, эй Сидӯн, зид ҳастам, ва андаруни ту ҷалол хоҳам ёфт; ва чун бар он доварӣ намуда, ба воситаи он тақдис ёбам, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Бинобар ин, инак Ман ба ту ва ба наҳрҳоят зид ҳастам, ва замини Мисрро аз Миҷдӯл то Асвон ва то сарҳади Ҳабаш тамоман харобу валангор хоҳам сохт.


Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй Ҷуҷ, сарраиси Мошак ва Тубол, зид ҳастам.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман низ ба ту зид ҳастам, ва андаруни ту дар пеши назари халқҳо довариҳо хоҳам намуд;


Ва алҳол халқҳои бисьёр бар зидди ту ҷамъ омада, мегӯянд: «Сион палид хоҳад шуд, ва чашмони мо инро хоҳад дид!»


Шери нар басо барои шербачаҳои худ медарид, ва барои шерҳои модаи худ буғӣ менамуд, ва мағораҳои худро аз сайд, ва лонаҳои худро аз нахҷир пур мекард.


«Инак Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба ту зид ҳастам, ва доманатро бар рӯят хоҳам бардошт, ва аврати туро ба халқҳо, ва нанги туро ба мамлакатҳо нишон хоҳам дод.


Ва ҳамаи халқҳоро ба муқобили Ерусалим барои ҷанг ҷамъ хоҳам кард, ва шаҳр забт хоҳад шуд, ва хонаҳо тороҷ хоҳад гардид, ва занон гирифтори беномӯсӣ хоҳанд шуд, ва нисфи аҳолии шаҳр ба асирӣ хоҳанд рафт, ва бақияи қавм аз шаҳр маҳв нахоҳанд шуд.


Инак Худованд онро бенаво хоҳад сохт, ва дороии онро дар баҳр талаф хоҳад кард, ва худи он бо оташ фурӯ бурда хоҳад шуд.


Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan