Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 26:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 26:2
27 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳиром, подшоҳи Сӯр, назди Довуд қосидон, ва дарахтони арз, ва наҷҷорон ва сангтарошонро фиристод, ва онҳо барои Довуд хона бино карданд.


Барои ман кӯҳпораи паноҳ бош, то ки ҳамеша биёям; амри Ту буд, ки маро наҷот диҳӣ, зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ.


Вақте ки аз водии ашкбор мегузаранд, онро чашмасор мегардонанд; борон низ онро бо баракат мепӯшад.


Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред! Роҳи қавмро тайёр кунед! Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед! Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!


Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд;


Ва онҳоро назди подшоҳи Адӯм, ва подшоҳи Мӯоб, ва подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ва подшоҳи Сӯр, ва подшоҳи Сидӯн ба воситаи қосидоне ки ба Ерусалим назди Сидқиё подшоҳи Яҳудо меоянд, бифирист.


Ба сабаби рӯзе ки фаро мерасад, то ҳамаи фалиштиён ба толону тороҷ дучор гардида, Сӯр ва Сидӯн аз ҳар гуна ёрмандӣ маҳрум шаванд, зеро Худованд фалиштиёнро, ки бақияи ҷазираи Кафтӯр мебошанд, хонавайрон хоҳад кард.


Дар бораи банӣ‐Аммӯн Худованд чунин мегӯяд: «Оё Исроил писарон надорад? Оё варо ворисе нест? Чаро Малком Ҷодро тасарруф намудааст, ва қавми ӯ дар шаҳрҳои он сокин шудаанд?


Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!


Барои мардуми шарқ, илова бар замини банӣ‐Аммӯн; Мӯобро ба тасарруфи онҳо хоҳам дод, то ки банӣ‐Аммӯн дигар дар миёни халқҳо зикр наёбанд;


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту чапак задӣ ва пой кӯфтӣ, ва бо тамоми нафрате ки аз замини Исроил дар дили худ дорӣ, шодӣ кардӣ,


Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски Мӯоб ва Сеир мегӯянд, ки „инак хонадони Яҳудо монанди ҳамаи халқҳо мебошанд!“ —


Ва дар соли ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,


Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски душман дар ҳаққи шумо мегӯяд: „Ҳай‐ҳай! Баландиҳои қадимӣ ҳам мероси мо шудааст“,


Ва шумо низ, эй Сӯр ва Сидӯн ва ҳамаи ноҳияҳои Фалиштӣ, дар ҳаққи Ман чиҳо кардед? Оё шумо мехоҳед Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед? Ва агар шумо Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед, Ман бо осонӣ ва ба зудӣ ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид.


Ва сарҳад ба Ромо баргашта, то шаҳри ҳисордори Сӯр мерафт; ва сарҳад сӯи Ҳусо бармегашт, ва интиҳояш назди баҳр дар мавзеи Акзиб буд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan