Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 24:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 24:3
30 Iomraidhean Croise  

Ва Элишоъ ба Ҷилҷол баргашт. Ва қаҳтӣ дар он замин буд; ва банӣ‐анбиё ба ҳузури ӯ нишаста буданд. Ва ӯ ба навкари худ гуфт: «Деги калонро монда, оше барои банӣ‐анбиё бипаз».


Лошаҳои бандагони Туро ба мурғони ҳаво барои хӯрок партофтанд, ва гӯшти порсоёни Туро ба ҳайвонҳои замин.


Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.


Вале Ман Ариилро ба танг хоҳам овард, ва нолаю фиғон хоҳад буд; ва он барои Ман мисли Ариил хоҳад монд.


«Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!


Зеро ки инҳо қавми осӣ, писарони каззоб ҳастанд, писароне ки намехоҳанд дастурҳои Худовандро гӯш кунанд,


Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.


Ва каломи Худованд бори дигар бар ман нозил шуда, гуфт: «Чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Деги ҷӯшоне мебинам, ки рӯи он аз ҷониби шимол аст».


Ва Худованд ба ман гуфт: «Мусибате аз шимол бар ҳамаи сокинони ин замин хоҳад омад.


Ин шаҳр барои шумо дег нахоҳад буд, ва шумо андаруни он гӯшт нахоҳед буд; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард.


Ва мегӯянд: „Вақти хонасозӣ наздик нест; ин шаҳр дег аст, ва мо — гӯшт“.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: мақтулони шумо, ки андаруни он гузоштаед, гӯшт мебошанд; ва он — дег аст; валекин шуморо ман аз даруни он берун хоҳам овард.


«Эй писари одам! Ту андаруни хонадони исьёнгар сукунат дорӣ, ки онҳо чашмон барои дидан доранд, вале намебинанд, ва онҳо гӯшҳо барои шунидан доранд, вале намешунаванд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.


Зеро Ман, ки Худованд хастам, сухан хоҳам гуфт, ва сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, ва дигар даранг нахоҳад кард, зеро ки дар айёми шумо, эй хонадони исьёнгар, сухане хоҳам гуфт ва онро ба ҷо хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо».


«Ба хонадони исьёнгар бигӯй: „оё намедонед, ки инҳо чӣ маънӣ дорад? Бигӯй: инак подшоҳи Бобил ба Ерусалим омад, ва подшоҳи он ва сарварони онро гирифт, ва онҳоро назди худ ба Бобил овард.


«Эй писари одам! Муаммое бигӯй ва масале дар бораи хонадони Исроил бизан,


Ва ҳангоме ки ба ман сухан меронд, Рӯҳи Худо ба ман дохил шуда, маро бар пойҳоям бархезонид, ва ман Ӯро, ки ба ман сухан меронд, шунидам.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ман туро назди банӣ‐Исроил мефиристам, назди сибтҳои исьёнгаре ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд,


Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, — зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд, — вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд.


Ва ту, эй писари одам, аз онҳо натарс ва аз суханони онҳо ҳаросон нашав, зеро ки хорҳо ва нешҳо дар гирди ту ҳастанд, ва ту дар миёни каждумон нишастаӣ; лекин аз суханони онҳо ҳаросон нашав ва аз рӯйҳои онҳо натарс, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.


Вале ту, эй писари одам, он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, бишнав; мисли ин хонадони исьёнгар осӣ нашав; даҳони худро бикшо ва он чиро, ки Ман ба ту медиҳам, бихӯр».


Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Онҳо дар ҳаққи ман мегӯянд: „Оё ӯ бо масалҳо ҳарф мезанад?“»


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли шаҳри хунрез! Вой бар ҳоли деге ки занги он андаруни он мебошад, ва занги он аз даруни он набаромадааст! Порчаҳояшро паи ҳам берун овар, бе он ки бар онҳо қуръа партоӣ.


Пешонии туро мисли алмосе ки аз санги хоро сахттар аст, гардонидаам; аз онҳо натарс ва аз рӯйҳошон ҳаросон нашав, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд».


Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.


Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.


Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд.


Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan