4 Ва ин мардум рӯйнатан ва сахтдил ҳастанд, ва Ман туро назди онҳо мефиристам, то ки ба онҳо бигӯӣ: „Худованд Худо чунин мегӯяд“!
Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.
Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.
Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст. Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд; онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд; рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.
Азбаски Ман медонистам, ки ту сахтдил ҳастӣ, ва рагу паи гарданат оҳанин, ва пешониат мисин аст,
Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро гӯед; ҳадия биёред ва ба саҳнҳои Ӯ биёед.
Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.
Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд — мегӯяд Худованд.
Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.
Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад, вале росткор роҳҳои худро месанҷад.
Ва низ ба муқобили подшоҳ Набукаднесар, ки ӯро ба Худо қасам дода буд, исьён бардошт; ва гарданкашӣ намуда ва дили худро сахт гардонида, сӯи Худованд Худои Исроил руҷӯъ накард.
Алҳол мисли падарони худ гарданкашӣ накунед, дасти байат ба Худованд диҳед, ба қудси Ӯ, ки онро то абад тақдис намудааст, омада, Худованд Худои худро ибодат кунед, ва Ӯ оташи ғазаби Худро аз шумо хоҳад баргардонид.
Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».
Зеро ки ман балвогарӣ ва гарданкашии туро медонам; инак, имрӯз, ки ман ҳанӯз бо шумо зинда ҳастам, шумо ба Худованд балво мебардоштед; алалхусус баъд аз мурдани ман!
Пас, шумо ғилофаки дили худро махтун созед, ва минбаъд гарданкашӣ накунед.
Вале Худованд ба ман гуфт: «Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.
Ва подшоҳ Яҳудиро фиристод, ки тӯморро биёрад, ва ӯ онро аз ҳуҷраи Элишомои котиб овард, ва онро Яҳудӣ дар гӯши подшоҳ ва дар гӯши ҳамаи мироне ки назди подшоҳ истода буданд, хонд.
Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.
Ва дили худро мисли алмос сахт карданд, то ки шариат ва суханонеро, ки Худованди лашкарҳо бо рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи пешина фиристода буд, нашнаванд; аз ин рӯ хашми бузурге аз ҷониби Худованди лашкарҳо ба амал омад.
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бархоста, назди хонадони Исроил бирав ва суханони Маро ба онҳо баён намо;
Ва бархоста, назди ҷалои ватан шудагон, назди писарони қавми худ бирав, ва ба онҳо сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд“! — хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд».
Ва ҳангоме ки бо ту сухан ронам, даҳони туро воз хоҳам кард, ва ту ба онҳо хоҳӣ гуфт: „Худованд Худо чунин мегӯяд!“ Ҳар кӣ шунидан хоҳад — бишнавад, ва ҳар кӣ рӯй тофтан хоҳад — рӯй тобад, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.