Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ман туро назди банӣ‐Исроил мефиристам, назди сибтҳои исьёнгаре ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 2:3
42 Iomraidhean Croise  

Вале онҳо гӯш надоданд, ва гардани худро мисли гардани падаронашон, ки ба Худованд Худои худ имон наоварда буданд, сахт карданд;


Ва аз фароизи Ӯ, ва аз аҳде ки Ӯ бо падаронашон баста буд, ва аз шаҳодоте ки Ӯ ба онҳо дода буд, нафрат карданд, ва аз паи чизҳои ҳеҷу пуч рафта, худашон ҳеҷу пуч шуданд, ва низ аз паи халқҳое ки дар гирду пешашон буданд, ва Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ки мисли онҳо амал накунанд;


Мо аз айёми падарони худ то имрӯз дар маъсияти бузург мебошем ва ба сабаби гуноҳҳои худ — мо, подшоҳони мо, коҳинони мо — ба дасти подшоҳони кишварҳо, ба дами шамшер, ба асирӣ, ба тороҷ ва ба нанг таслим карда шудаем, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст.


Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.


Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд; ва онҳоро аз мусибатҳошон берун овард.


«Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!


Вале Худованд ба ман гуфт: «Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.


Пас, дар қабоҳати худ бихобем, ва расвоии мо моро хоҳад пӯшонид, зеро ки мо пеши Худованд Худои худ гуноҳ кардаем, — мо ва падарони мо, аз ҷавонии мо ва то ҳамин рӯз; ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем.


«Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.


Ва Ирмиё ба тамоми қавм, ба мардон ва занон ва тамоми қавме ки ба ӯ чунин ҷавоб гардонданд, гуфт:


«Оё ҳамон бухуре набуд, ки шумо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим сӯзондед, — шумо ва падарони шумо, подшоҳони шумо ва мирони шумо ва қавми мамлакат? Онро Худованд ба ёд овард ва ба дили худ гирифт.


«Назди дарвозаи хонаи Худованд биист ва дар он ҷо ин каломро эълон намуда, бигӯй: эй ҳамаи яҳудиёне ки ба ин дарвоза дохил мешавед, то ки ба Худованд саҷда намоед, каломи Худовандро бишнавед!


«Ба хонадони исьёнгар бигӯй: „оё намедонед, ки инҳо чӣ маънӣ дорад? Бигӯй: инак подшоҳи Бобил ба Ерусалим омад, ва подшоҳи он ва сарварони онро гирифт, ва онҳоро назди худ ба Бобил овард.


Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.


Ва он мард ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бо чашмони худ бубин ва бо гӯшҳои худ бишнав, ва дили худро ба ҳар чизе ки ба ту нишон диҳам, равона намо, зеро ту ба ин ҷо барои он оварда шудаӣ, ки ба ту нишон диҳам; ҳар он чи ту мебинӣ, ба хонадони Исроил маълум намо».


Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.


Шумо аз айёми падарони худ аз фароизи Ман дур шуда, онҳоро риоя накардаед. Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо. Шумо мегӯед: «Чӣ гуна баргардем?»


Ва Мусо ва Ҳорун ҷамоатро назди сахра ҷамъ карданд, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?»


Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:


Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!»


Аз рӯзе ки ман шуморо шинохтаам, шумо ба Худованд беитоатӣ мекардед,


Бандагони Худ — Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар! Ба гарданкашии ин қавм, ба шарорат ва гуноҳи онҳо назар накун;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan