Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва ҳангоме ки ба ман сухан меронд, Рӯҳи Худо ба ман дохил шуда, маро бар пойҳоям бархезонид, ва ман Ӯро, ки ба ман сухан меронд, шунидам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 2:2
13 Iomraidhean Croise  

Ва солҳои бисьёр ба онҳо сабурӣ намудӣ, ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ, вале онҳо гӯш надоданд, ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ.


Ва Рӯҳи Худованд бар ман нозил шуда, ба ман гуфт: «Бигӯй, ки Худованд чунин мегӯяд: шумо, эй хонадони Исроил, ин тавр сухан меронед, валекин андешаҳои дили шуморо Ман медонам.


Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.


Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.


Ва Рӯҳи Худо дар ман дохил шуда, маро ба поҳоям бархезонид, ва бо ман сухан ронда, ба ман гуфт: «Рафта, худро андаруни хонаи худ бибанд.


Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.


Ва ҳангоме ки ӯ ба ман сухан мегуфт, ман рӯй бар замин мадҳуш будам; вале ӯ ба ман даст расонд, ва маро дар ҷое ки истода будам, ба по хезонд.


Валекин баъд аз се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт.


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва Самуил бархоста, ба Ромо рафт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan