«Эй писари одам! Агар замине пеши Ман гуноҳ карда, ба дараҷаи хиёнат бирасад, ва Ман дасти Худро бар он дароз карда, муттакои нони онро бишканам, ва қаҳтӣ бар он фиристода, инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,
Ва ту, эй писари одам, аз онҳо натарс ва аз суханони онҳо ҳаросон нашав, зеро ки хорҳо ва нешҳо дар гирди ту ҳастанд, ва ту дар миёни каждумон нишастаӣ; лекин аз суханони онҳо ҳаросон нашав ва аз рӯйҳои онҳо натарс, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.
Ва он мард ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бо чашмони худ бубин ва бо гӯшҳои худ бишнав, ва дили худро ба ҳар чизе ки ба ту нишон диҳам, равона намо, зеро ту ба ин ҷо барои он оварда шудаӣ, ки ба ту нишон диҳам; ҳар он чи ту мебинӣ, ба хонадони Исроил маълум намо».
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Худованд Худо чунин мегӯяд: ин аст фароизи қурбонгоҳ дар рӯзе ки сохтани он ба анҷом расад, то ки қурбонии сӯхтанӣ бар он биёранд ва хун бар он бипошанд.
Ва ту, эй писари одам, теги тезе барои худ бигир, покуи сартарошонро барои худ бигир, ва онро бар сари худ ва бар риши худ бирон; ва тарозуе барои худ гирифта, мӯйҳоро тақсим намо.
Ва гуфт: «Натарс, эй марди дилписанд! Салом бар ту бод! Қавидил ва далер бош!» Ва чун инро гуфт, қувват гирифтам ва гуфтам: «Бигӯ, эй оғоям, зеро ки ту маро тақвият намудаӣ».
Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ҳодим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор ҳоҳам кард;
Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ».